Директори Агентии амнияти ХБРЯ-и АМИТ бо ифтихорномаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
4 сентябри соли 2026 аз ҷониби роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба директори Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон – профессор, Илҳом Мирсаидзода барои ҳамкориҳои мутақобилан судманд ва мусоидат дар татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, фароҳам овардани шароит ҷиҳати иштироки фаъолонаи насли ояндасози кишвар дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва ба ин васила дар замири онҳо ташаккул додани ҳисси ватандустӣ, худшиносию худогоҳии миллӣ, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуд.
Иқдоми мазкур нишонаи қадрдонӣ аз ҳамкориҳои судманд дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи насли ояндасоз мебошад.